Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори видеоии ду зани дар Покистон рабудашудаи чех нашр шуд


Як навори нави видеоӣ дар бораи ду зани ҷавони чех нашр шуд, ки 7 моҳ пеш дар ҷануби Покистон рабуда шуда буданд. Ин навори видеоиро хонаводаҳои ин ду зани ҷавон рӯзи чаҳоршанбе ба нашр расонданд. Яке аз ин занҳо Антонӣ Храштетскаи 25 сола ва дигарӣ Ҳана Ҳумпаловаи 24 сола аст, ки бо автобус тавассути Балуҷистони Покистон ба Ҳиндустон сафар мекарданд.

Ин навор 23 август бардошта шудааст ва нишон медиҳад, ки ин ду зан алоҳида нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳумпалова мегӯяд, ки саломатии вай хуб нест, чун обу ғизое, ки ба онҳо медиҳанд бад аст. Вай ҳамчунин мегӯяд, ки агар бимирад, вайро дар қабристони хонаводаии падараш ба хок супоранд.

Храштетска аз ҳукумати ҷумҳурии Чех хостааст, ки барои бароварда сохтани талаби одамрубоён ба ҳукумати Покистон фишор орад. Дар навори пешин ин ду хонум гуфта буданд, ки одамрубоён раҳоии шаҳрвандони Покистон аз зиндонҳои Амрикоро тақозо кардаанд.
XS
SM
MD
LG