Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ахзар Иброҳимӣ бо Башор Асад мулоқоти кӯтоҳ дошт


Ахзар Иброҳимӣ ва Башор Асад дар Димишқ
Ахзар Иброҳимӣ ва Башор Асад дар Димишқ
Ахзар Иброҳимӣ-фиристодаи Ҷомеаи Араб ва СММ барои Сурия бо Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия дар чаҳорчӯбаи талошҳо барои баргузор кардани конфронси сулҳ мулоқоти мухтасар дошт. Ин конфронс аз муддатҳост ба таъхир афтодааст.

Он гуна, ки Иброҳимӣ дар Димишқ изҳор дошт, телевизиони давлатӣ аз номи Асад рӯзи чаҳоршанбе гуфтааст, музокироти сулҳ ба “қатъи ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ва фишор ба ҳомиёни онҳо вобастагӣ дорад”.

Иброҳимӣ, ки ҳоло барои таблиғи конфронси сулҳи Сурия машғули боздид аз минтақа аст, қабл аз Сурия аз Эрон боздид кард. Мухолифони Сурия дар бораи наҳваи ширкати худ дар ин конфрос ақидаи яксон надоранд ва мегӯянд, оё арзиш дорад, ки онҳо дар ин конфронс ширкат кунанд, агар Асад ва ҳампаймони вай Эрон бигӯянд, ки бидуни ҳеҷ шарту шароит ба конфронс мераванд.
XS
SM
MD
LG