Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил сохтмони хонаҳои нав дар Байтулмуқаддасро эълон кард


Исроил нақшаи сохтмони хонаҳои нав дар маҳаллоти яҳудинишини шарқи Байтулмуқаддасро эълон кард. Рӯзи чаҳоршанбе вазири корҳои дохилаи Исроил гуфт, нақшаи сохтмони 1500 хона дар Рамат Соломон ё баландиҳои Соломон ба тасвиб расидааст. Исроил ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки дар наздикии Шаҳри Қадим бостоншиносӣ ва ҷаҳонгардиро тавсеа диҳад.

Ин эъломия баъд аз чанд соати раҳоии 26 зиндонии фаластинӣ ба нашр расид. Раҳоии онҳо дар чаҳорчӯбаи мувофиқатномае ба даст омадааст, ки дар он Амрико нақши миёнҷигариро бар уҳда дошт.

Нақшаи сохтмони хонаҳои навро Абу Рудейна-сухангӯи раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин иқдоме арзёбӣ кард, ки “раванди сулҳро халалдор мекунад”.
Худи Маҳмуд Аббос низ изҳор дошт, ҳар гуна “тиҷорат” барои раҳоии зиндониёни сиёсиро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG