Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Forbes Путинро бонуфузтарин шахси сайёра номид


Владимир Путин ва Стив Форбс (аз бойгонӣ)
Владимир Путин ва Стив Форбс (аз бойгонӣ)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар садри феҳристи бонуфузтарин шахсиятҳои олам аз рӯи фарзияи маҷаллаи Forbes қарор гирифт. Дар ин феҳрист Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико мақоми дуввум ва сарвари Чин Чин Тзин Пин дар ҷойи саввумро ишғол кардаанд.

Ба навиштаи Forbes, Путин қудраташ дар дохили Русияро он қадар қавӣ кард, ки дигар вожаи "мустабид" барои ӯ муносиб ба чашм мерасад. Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин дар саҳнаи байнулмилалӣ муваффақ буд – ӯ ба корманди қарордодии Оҷонси амнияти миллии Амрико Эдвард Сноуден паноҳгоҳ дод ва дар қазияи Сурия роҳҳали муносиб барои Ғарб ва ҳама ҷонибҳои низоъро пайдо намуд.

Ба феҳристи Forbes дар маҷмӯъ 72 нафар, сиёсатмадорону ходимони ҷамъиятӣ ва раҳбарони ширкатҳои бузурги ҷаҳон шомил шудаанд.
XS
SM
MD
LG