Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар вилояти Ғазнӣ сокинон як табаҳкорро сангсор карданд


Дар вилояти Ғазнӣ сокинони як деҳа мардеро сангсор карданд, ки барои ширкат дар тарконидани автобуси мусофирбар гумонбар дониста мешуд. Дар ин ҳодиса 18 нафар кушта шуданд. Ҳамаи онҳо меҳмонони як маросими арусӣ буданд.

Бино ба хабари мақомоти маҳаллӣ, сокинони деҳае, ки дар он ҷо маросими арусӣ барпо мешуд, ҷинояткорро ҷустуҷӯ ва аз хонае пайдо кардаанд. Аз вай як дастгоҳи ҳидояткунандаи таркиш мусодира шудааст. Вай даст доштани худ дар ин таркишро эътироф кардааст.

Сокинони маҳаллӣ баъд аз ин эътирофот вайро ба хиёбон баровардаанд ва то ҷон додан сангсор кардаанд.
XS
SM
MD
LG