Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испания хостори тавзеҳоти ИМА шуд


Испания аз сафири Амрико дар Мадрид Ҷеймс Костос дар робита ба тайи як моҳ гӯш кардани тақрибан 60 миллион зангҳои телефонии испаниҳо аз сӯи Оҷонси амнияти миллии ИМА тавзеҳот хост. Дар вазорати умури хориҷа ба сафири Амрико гуфтанд, ки дар сурати тайид шуданаш ин амал “ғайрмуҷоз ва ғайри қобили қабул” арзёбӣ хоҳад шуд. Рӯзи душанбе вазорати умури хориюии Испания иттилоъ дод, ки даъвати сафири Амрико баъд аз нашри хабар дар нашрияҳои El Pais ва El Mundo сурат гирифт.

Рӯзномаи El Mundo рӯзи душанбе навишт, ки санадро Эдвар Сноуден, корманди собиқи Оҷонси амнияти миллии Амрико, дар ихтиёраш гузоштааст.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки маъмурони амниятии ИМА сӯҳбатҳои маҳрамонаи телефонии раҳбарони 35 кишвари олам, аз ҷумла, садри аъзами Олмон Ангела Меркелро гӯш мекардаанд.
XS
SM
MD
LG