Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳо аз Хатлон ба Рашту Бадахшон мераванд


Номзадҳои ба курсии президенти Тоҷикистон барномаҳои худро дар вилояти Хатлон идома медиҳанд, сипас ба Бадахшон хоҳанд рафт. Абдуманнон Додоев, сардори дастгоҳи Куммисиюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон рӯзи 28-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки феълан мулоқоту суолу ҷавоби номзадҳо ба курсии раёсати ҷумҳурӣ бо мардум дар вилояти Хатлон идома дорад ва ҳамин рӯз онҳо дар ноҳияи Қубодиён, 200 киломерии ҷануби Душанбе қарор доранд. Додоев гуфт, пас аз ду рӯз, яъне 30-юми октябр номзадҳо ба навоҳии водии Рашт хоҳанд рафт, сипас барои мулоқот ба шаҳри Хоруғ мераванд. Ҷаноби Додоев афзуд, дар ҳоли ҳозир ҷараёни мулоқоти номзадҳои ва шахсони боэътимоди онҳо тибқи ҷадвали КМИР пеш рафта истодааст. Ба қавли Абдуманнон Додоев дар ҳавзаҳову минтақаҳои раъйдиҳӣ низ омодагӣ ҷиддӣ пеш меравад ва феълан нозирони байналмиллалӣ ба минтақаҳо сафар намуда, шароиту вазъи омодагиҳоро дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ санҷида истодаанд.

Ҳафтаи гузашта мулоқоти номзадҳо бо сокинони вилояти Суғд баргузор шуд, ки чанде аз чунин вохӯриҳо бидуни саволу ҷавоб анҷом ёфта буд.

Интихоботи президени Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешавад, ки дар он 6 номзад ба мақоми раиси ҷумҳур рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG