Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА аз Русия хост, ба миллатгароӣ поён диҳад


Федератсиюни Байналмилалии Футбол мегӯяд, аз Русия хоҳад хост, то ба зуҳури миллатгароӣ ҳангоми бозиҳои мусобиқоти ҷаҳонии футбол дар ин кишвар роҳ надиҳад. Сепп Блаттер, раиси ФИФА гуфт, қарор аст, Русия бозиҳои ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар соли 2018-ро мизбонӣ кунад, аммо бояд ба масъалаи нажодпарастӣ дар бозиҳои футбол расидагӣ шавад. Ҷероме Валке, дабири кулли ФИФА, ҳамин ҳафта барои баррасии ин мавзӯъ ба Маскав меояд. Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта, дар мусобиқоти Ҷоми Қаҳрамонҳои Футболи Аврупо, дар бозии ССКА-и Маскав ва Манчестер Ситии Бритониё, мухлисони тими русӣ, Яҳё Туре бозигари сиёҳпӯсти африқоиро маймун хитоб карданд. Бори аввал нест, ки мухлисони тимҳои русӣ, бозигарони миллату нажодҳои дигарро ҳангоми бозиҳо таҳқир мекунанд.
XS
SM
MD
LG