Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи 3-солаи кори муҳоҷирони тоҷик амалӣ мешавад


Имрӯз, Сафиалло Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба манзури имзои "созишномаи фаъолияти меҳнатӣ ба мӯҳлати 3 сол" ба Маскави Русия сафар кард. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи душанбеи 28 октябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "сафари Сафиаллоҳ Девонаев бо супориши ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати имзои созишномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар маврид фаъолияти меҳнатӣ ба муҳлати 3 сол сурат гирифт, ки имзои ин созишнома боз шудани саҳифаи наве дар муносиботи миёни Тоҷикистон ва Русия хоҳад буд."

Ба гуфтаи ҷаноби Қодирӣ, "имзои ин созишнома дар чорчӯби густариши равобиту ҳамкориҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия ва барои ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ имзо мешавад." Вай афзуд, ки санади мазкур ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки иҷозати корро ба мўҳлати 3 сол бе хориҷ шудан аз қаламрави Русия дарёфт намоянд ва ин барои дароз намудани муҳлати будубоши мувақатии шаҳрвандони мо дар Русия асос мегардад. Ба ин тартиб Абдулло Қодирӣ мегӯяд, "созишномаи фаъолияти меҳнатӣ барои се сол" фардо, сешанбеи 29 октябр дар шаҳри Маскав ба имзо мерасад. Зимнан, созишномаҳои тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ва фаъолияти меҳнатӣ барои се сол дар ҷараёни сафари расмии Владимир Путин, раиси ҷумҳури русия ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли гузашта ба имзо расида буданд.
XS
SM
MD
LG