Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби мухолифон барои раҳоии маҳбусони сиёсӣ дар Русия


Дар маркази Маскав раҳпаймоии нируҳои мухолифон бо номи “Раҳпаймоӣ барои озодӣ” баргузор шуд. Ширкаткунандагон раҳоии зиндониёни сисёсӣ ва ононеро тақозо карданд, ки барои ширкат дар эътирозҳои Балотний зиндонӣ шудаанд.

Шумораи ҳамоҳангшудаи ширкаткунандагони раҳпаймоӣ 20 ҳазор нафар аст. Онҳо аз майдонҳои Старостний, Петровский, Рождественский ва Сретенский гузаштанд ва то ба хиёбони академик Сахаров расиданд.

Ширкаткунандагони раҳпаймоӣ дар даст аксҳои Михаил Ходорковский, Мария Алёхина ва Евгений Урлашов-шаҳрдори пешини шаҳри Ярославлро доштанд. Дар миёни онҳо ҷонибдорони ҷунбиши «Солидарность», ҳизби РПР-ПАРНАС ва «Яблоко» буданд.

Барои таъмини назм бар ҷараёни раҳпаймоӣ тақрибан 3 ҳазор нафар кормандони пулис ва ихтиёриён назорат мекарданд. Аз ҳаво чархболи нируҳои пулис низ вазъро назорат мекард.
XS
SM
MD
LG