Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи ноябр Ҳасан Рӯҳонӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури нави Эрон ба нақша гирифтааст, ки моҳи ноябр аз Тоҷикистон боздид ва бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур ва соири мақомоти раҳбарии ин кишвар мулоқот кунад.

Хабаргузориҳо навиштаанд, ин нахустин боздиди Рӯҳонӣ дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Тоҷикистон аст ва интизор меравад, ки дар ҷараёни ин боздид руасои ҷамоҳир ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кунанд.

Як манбаъ аз Тоҷикистон ба хабаргузории Интерфакси Русия гуфтааст, ки ҷонибҳо ҷузъиёти барномаи боздидро баррасӣ мекунанд ва ҳоло рӯзҳои ин боздид дақиқ нашудааст.

Ба нақша гирифта шудааст, ки ҳар ду раиси ҷумҳур дар маросими оғози баҳрабардорӣ аз ниругоҳи барқи обии Сангтӯда 2, ки бо кӯмаки молии Эрон сохта шудаст, ширкат ҷӯянд.

Ин ниругоҳ 220 мегават ниру тавлид мекунад. Дар сохтмони он Эрон 180 миллион ва Тоҷикистон 40 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG