Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норвегия ба нобудсозии силоҳи кимиёвии Сурия розӣ нашуд


Норвегия ба дархости ИМА барои дар қаламраваш нобуд сохтани силоҳи кимиёвии Сурия посухи рад дод. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии кишвар Бёрге Бренде, кишвараш бар асари мӯҳлати ками барои ин амалиёт пешбинишуда тавони қонеъ кардани ин дархостро надорад. Ӯ афзуд, мавзӯи нобудсозии силоҳи кимиёвии Сурия дар қаламрави Норвегия дигар баррасӣ нахоҳад шуд.

Бар пояи созише, ки миёни Амрикову Русия моҳи сентябр ҳосил шуд, захираи силоҳи кимиёвии Сурия бояд то миёнаҳои соли 2014 комилан аз байн бурда шавад.

Аввалҳои моҳ коршиносони СММ ва Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ ба корҳо оиди сабти ном ва нобудсозии захираи кимиёвии Сурия шурӯъ карданд.
XS
SM
MD
LG