Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Афви байналмилал аз Русия роҷеъ ба фаъолони Гринпис


Созмони Авфи байналмилали (AMNESTY INTERNATIONAL) бо пахши як баёния аз Русия хостааст, ки ба зудтарин фурсат иттиҳомоти авбошӣ алайҳи 30 фаъоли созмони байналмилалии Гринписро бекор кунад ва онҳоро аз боздошт раҳо намояд Сомони Авфи Байналмилал (AMNESTY INTERNATIONAL) 24 октябр бо пахши як баёния иттиҳомоти авбошӣ алайҳи фаъолони созмони Гринпис беасос буда ва дафъатан онро лағв кунад. Сергей Никитин, раиси намояндагии Amnesty International дар ин баёния таъкид кардаст, ки «авбошӣ дар Русия як амали ҷиддии ҷиноӣ дониста мешавад ва нафароне, ки дар як ҳамоиши эътирозии мусолиматомез ширкат кардаанд, набояд бо ин иттиҳом айбдор дониста шаванд.»

«Мақомоти Русия бо ин айбмониҳо ҳушдор медиҳад, ки таҳаммули ягон навъи эътироз, ҳатто эътирози сулҳомезро ҳам надоранд ва ҳатман ҷазои бераҳмона пешбинӣ мекунанд», гуфта мешавад дар идомаи ин баёния. Созмони Афви байналмилал мегӯяд, ки дар баробари амали фаъолони Гринпис танҳо мешавад, ки ҷазои маъмурӣ пешниҳод кард ва ин созмон аз мақооти Русия даъват мекунад, ки ҳамаи 30 нафар фаъолони ин созмонро ба зудтарин фурсат раҳо кунад.

Ахиран Русия иттиҳомоти роҳзанӣ алайҳи 30 фаъоли созмони байналмилалии Гринписро лағв карда ва онҳоро ба авбошӣ муттаҳам кардааст. Дар ин бора Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи чаҳоршанбе ба хабаргузориҳои русӣ иттилоъ додааст. Дар вокуниш ба ин, Иван Блоков, мудири намояндагии Гринпис дар Русия гуфт, ки бояд тамоми иттиҳомот алайҳи ин фаъолони муҳити зист лағв шавад. Мақомоти Русия 30 фаъоли ин созмони байналмилалиро, ки шаҳрвандони 18 кишвар ҳастанд, ҳамроҳ бо ду хабарнигор
моҳи сентябр боздошт карданд.

Онҳоро бо киштиашон бо номи «Arctic Sunrise» (Тулӯъи Арктика) баъд аз он дастгир карданд, ки мехостанд, ба нишони эътироз, ба як манораи нафткаши Русия дар Арктика бароянд. Дар Русия барои роҳзанӣ то 15 соли зиндон пешбинӣ кардаанд, аммо барои авбошӣ ҷазои сабук аст.
XS
SM
MD
LG