Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи сарони Иттиҳодияи гумрукӣ аз тасмими Арманистон


Кишварҳои узви Иттиҳодияи гумрукӣ - Русия, Белорус ва Қазоқистон аз тасмими Арманистон ва Қирғизистон барои вуруд ба ин ниҳод истиқбол карданд. Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Владимир Путин баъд аз анҷоми нишасти Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар Минск хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи корӣ таъсис шудааст, ки бояд дар муддати кӯтоҳ "харитаи роҳ"-и вуруди ин кишварҳо ба Иттиҳодияи гумрукиро таҳия намояд.

Аз ин пеш Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар ин нишаст пешниҳод кард, ки ЕврАзЭС – Ҷомеъаи иқтисодии АвруОсиё пароканда шавад ва ҳамзамон Иттиҳодияи гумрукӣ густариш ёбад. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар нишасти Шӯрои Олии иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Минск изҳор намуд, барои мавҷудияти ду созмони ҳамсон зарурате нест ва пешниҳод кард, ки мавзӯи ба ҳайси нозир ба Иттиҳодияи гумрукӣ пазируфтани Қирғизистон ва Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Ба ЕврАзЭС – Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд.
XS
SM
MD
LG