Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон иддао мекунад, ки ғанисозии уранро боздоштааст


Порламон ё Маҷлиси Эрон мегӯяд, ки ғанисозии уранро дар сатҳи 20 дарсад боздоштааст ва барои таъмини реактори озмоишии ҳастаӣ сӯхти кофӣ тавлид кардааст. Дар вокунишҳое, ки рӯзи сешанбе дар торнамои Маҷлиси Эрон ба нашр расид, Ҳусейн Нақовӣ Ҳусейнӣ-муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлис гуфт, ки “дигар зарурати тавлиди сӯхт боқӣ намондааст”.

Иддао мешавад, ки реактори Теҳрон изотопҳои тиббӣ тавлид мекунад, вале Амрико бар ин бовар аст, ки ин реактор қасд дорад аслиҳаи ҳастаӣ тавлид кунад. Ҳусейнӣ ҳамчунин гуфт, Теҳрон омода аст, ки ҳамаи урани 20 дарсад ғанишуда барои реакторро ба милаи сӯхт ё шохаи сӯхт табдил диҳад, то “нигарониҳо аз истифодаи ғайрисулҳомези он барҳам хӯрад”.

Бино ба гузоришҳо, ҳайати музокираи Эрон дар Женев пешниҳод кардааст, ки дар сатҳи 20 дарсад ғанисозии уранро боздорад. Вале то ҳол ҳукумати Эрон дар ин бора ошкоро тавзеҳот надодааст.
XS
SM
MD
LG