Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел ба Обама шикоят кардааст, ки ...


Ангела Меркел садри аъзами Олмон ба Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз амалкарди маъмурони амниятии Иёлоти Муттаҳида шикоят кардааст, ки гӯё сӯҳбатҳои ӯ аз тариқи телефони ҳамроҳро гӯш мекардаанд. Штефен Шейберт, сухангӯи ҳукумати Олмон гуфт, Ангела Меркел рӯзи чаҳоршанбе дар сӯҳбати телефонӣ бо Обама изҳор доштааст, ки агар собит шавад, ки маъмурони амниятии Иёлоти Муттаҳида сӯҳбатҳои ӯро гӯш мекардаанд, ин “як рахнаи ҷиддӣ” дар эътимоди байни ду кишвар хоҳад шуд. Ба гуфтаи Кохи Сафед, Барак Обама ба Ангела Меркел гуфтааст, маъмурони амниятии Амрико сӯҳбатҳои телефонии ӯро гӯш намекунанд. Аз ин пештар Фаронсаву Бразилия ва чанд кишвари дигар аз чунин амалкарди Иёлоти Муттаҳида изҳори нигаронӣ карданд. Эдвар Сноуден, як маъмури собиқи Хадамоти Амнияти Миллии Амрико чанде пеш ишфо кард, ки маъмурони амниятии кишвараш иртиботи телефонӣ ва мукотиботи интернетии миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳонро сабт мекунанд.
XS
SM
MD
LG