Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО мегӯяд, Афғонистонро танҳо намегузорад


Андерс Фог Рассмусен, дабири кулли НАТО, мегӯяд, ин паймон баъди соли оянда ҳам дар таъмини амният ба Афғонистон кӯмак хоҳад кард. Ӯ баъди мулоқоти вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО дар шаҳри Брюссел рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ баъди соли 2014 низ ҳамчунон ба Афғонистон "кӯмакҳои сиёсиву амалӣ ва молӣ” хоҳад кард. Аммо гуфт, Андерс Фог Рассмусен худи ҳукумати Афғонистон ҳам бояд ваъдаҳояш дар заминаи ислоҳотро иҷро кунад. Андерс Фог Рассмусен ибрози умедворӣ кард, ки НАТО ва Афғонистон дар бораи ҳузури қонунии минбаъдаи нерӯҳои ин паймон ба созиш даст хоҳанд ёфт. Дар нишасти Брюссел вазирони дифоъи НАТО бо Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифоъи Афғонистон марҳилаи ниҳоии ба ихтиёри нерӯҳои афғон гузоштани масъулияти таъмини амниятро баррасӣ кардаанд. Дар Афғонистон ҳоло бештар аз 80 ҳазор сарбози кишварҳои НАТО мустақаранд ва қарор аст, аксарияти онҳо то поёни соли 2014 Афғонистонро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG