Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбдоркунанда 8,5 сол зиндонӣ шудани муллоро талаб кард


Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи Асадулло Иброҳимов. маъруф ба "муллои ҷодугар", аз додгоҳ барои гумонбар 8 солу шаш моҳи зиндонро талаб кард.

Айбдоркунанда Амрулло Фозилов, рӯзи чоршанбеи 23 октябр зимни музокираи парвандаи Асадулло Иброҳимов, маъруф ба "муллои ҷодугар", ӯро дар айбҳои эълоншуда муттаҳам хонд ва талаб кард, ки додгоҳ нисбати муҷрим ҳукми 8 солу шаш моҳи маҳрумият аз озодиро раво бинад.

Исмоил Давлатов, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Сино ва қозии ин парванда пурсарусадо рӯзи 21 октябр дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ки "Асадулло Иброҳимов тибқи ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаи 139, қисми 2, банди "а", яъне "ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта" ва моддаи 247, қисми 2, банди "а", яъне қаллобӣ, айбдор дониста мешавад."

Додгоҳ пас аз зуҳри имрӯз ҳукмро эълон мекунад.
XS
SM
MD
LG