Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Покистон барои ҳалли мушкилот талош мекунанд


Аз ин пеш Навоз Шариф бо Ҷон Керрӣ мулоқот карда буд
Аз ин пеш Навоз Шариф бо Ҷон Керрӣ мулоқот карда буд
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф имрӯз дар Кохи Сафед рӯи масоили марбут ба ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин, авзоъ дар Афғонистон ва робитаҳои тиҷоратиро баррасӣ хоҳанд кард.

Интизор меравад, Обама аз Шариф хостори таҳкими муборизаи Исломобод бо гурӯҳҳои мусаллаҳе шавад, ки аз манотиқи қабоилнишини Покистон ба нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон ҳамла мекунанд.

Нахуствазири Покистон дар навбати худ аз Вошингтон талаб хоҳад кард, ки ба зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ба қаламрави кишвар хотима диҳад. Бар пояи гузориши тозаи Amnesty International ин зарбаҳоро метавон чун ҷиноёти низомӣ арзёбӣ кард.

Робитаҳои миёни Амрикову Покистон солҳои ахир баъд аз ҳалокати теъдоди зиёди мардуми осоишта бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ва амалиёти махфии нерӯҳои зудамали Амрико барои аз байн бурдани Усома бин Лоден дар қаламрави Покистон ба сардӣ гароиданд.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки гуфтушуниди Барак Обама ва Навоз Шариф шояд ба беҳбуди равобити миёни ду кишвар мусоидат кунад.

Дар ҷараёни сафараш ба Вошингтон Навоз Шариф бо чанд мансабдори воломақоми амрикоӣ, аз ҷумла, бо вазири умури хориҷии кишвар Ҷон Керрӣ дидору гуфтугӯ дошт.
XS
SM
MD
LG