Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлия Тимошенко бо "афви нисбӣ" розӣ шудааст


Юлия Тимошенко (акс аз бойгонӣ)
Юлия Тимошенко (акс аз бойгонӣ)
Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина бо “афви нисбӣ” розӣ шудааст. Вайро қисман афв мекунанд. Дар ин бора Арсений Ясенюк-раҳбари ҷиноҳи ҳизби мухолиф дар Верховная Рада хабар дод. Бино ба гуфтаи вай, барои фароҳам овардани шароити муолиҷа дар хориҷ бояд вай афв карда шавад ва ин яке аз тақозоҳои Иттиҳодияи Аврупо мебошад.

Қаблан Виктор Янукович-раиси ҷумҳур изҳор дошта буд, ки ҳозир аст қонунеро имзо кунад, ки имкони муолиҷаи хонум Тимошенкоро дар хориҷ аз кишвар фароҳам орад, ба шарти ин, ки ин қонунро порламони Украина ба тасвиб расонад.

Рӯзи сешанбе вазирони корҳои хориҷаи Полша ва Шветсия дар Киев бо мақомоти ҳукумати Украина мулоқот анҷом доданд ва аз раҳбарони ин кишвар даъват карданд ки пурҳарфиро бас кунанд ва дар бораи раҳоии хонум Тимошенко ба тавофуқ расанд.
XS
SM
MD
LG