Бидзина Иванишвилӣ -нахуствазири Гурҷистон дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии “Имедӣ” изҳори боварӣ кард, ки Георгий Маргелашвилӣ-номзади эътилофи ҳоким дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пируз хоҳад шуд. Дар ин бора Георгий Колабадзе-гузоришгари бахши гурҷии радиои Озодӣ аз Тифлис хабар дод. Интихобот 27 октябр баргузор мешавад.
Бидзина Иванишвилӣ бори дигар таъйид кард, ки то 25 ноябр аз мақоми нахуствазирӣ канор меравад ва қавл дод, ки номи нахуствазири ояндаро баъд аз як ҳафтаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълон мекунад.
Бино ба гуфтаи Иванишвилӣ, дар интихобот мақоми дуввумро Давид Бакрадзе-номзади ҷонибдори ҳизби раиси ҷумҳури кунунӣ хоҳад гирифт, на Нино Бурнҷанадзе, ки раиси пешини порламон буд ва ҷонибдори шадиди Русия мебошад.