Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авфи Байналмилал Амрикоро танқид кард


Созмони Авфи Байналмилал бо нашри як гузориши тозае гуфт, ки баъзе аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар Покистонро метавон, ҷинояти ҷангӣ донист. Дар гузорише таҳти унвони “Ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар Покистон. Ҳадафи баъдӣ ман хоҳам буд?”, омадааст, ки қатли баъзе аз тундравон дар манотиқи қабоилнишини Покистон дар наздикии марз бо Афғонистон ғайриқонунӣ ва мухолиф ба меъёрҳои байналмилалӣ будааст. Мустафо Қадрӣ, пажӯҳишгари Авфи Байналмилал дар Покистон, гуфт, “бо махфӣ нигаҳ доштани барномаи истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин, ҳукумати Амрико ҳадафҳои худро бе ҳеҷ гуна муҳокима ва ё бе риояти оддитарин меъёрҳои қонунҳои байналмилалӣ мекушад.” Мустафо Қадрӣ аз ҳукумати Амрико хостааст, "барномаи истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ифшо кунад ва онҳоеро ба ҷавобгарӣ бикашад, ки қонунро риоят накардаанд.“ Тахмин мешавад, ки Амрико аз соли 2004 то кунун бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин 300 маротиба тундравонро дар Покистонро ҳадаф гирифта ва тақрибан ду ҳазор нафар, аз ҷумла раҳбарони Толибону Ал-Қоидаро куштааст.
XS
SM
MD
LG