Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кувайт дар Тоҷикистон маркази бузурги тиббӣ месозад


Зубайдулло Зубайдов
Зубайдулло Зубайдов

Мутахассисони кувайтӣ дар Тоҷикистон бузургтарин дар минтақа маркази ташхису табобатро бунёд хоҳад кард.

Дар ин бора дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, хабар дод ва гуфт, ки ба зудӣ як ҳайат аз Кувайт ба хотири омӯзиш ва ҳамоҳангсозии ин тарҳ озими шаҳри Душанбе мешавад. Дипломати тоҷик афзуд, ки интизор меравад аз хизмати маркази бузурги тиббӣ на фақат шаҳрвандони Тоҷикистон, балки сокинони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Афғонистон ҳам бархурдор шаванд.

Зубайдулло Зубайдов мегӯяд, Кувайт имконоти бузурги сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни Тоҷикистонро дорад ва ин мавзӯъ дар меҳвари музокироти нахуствазири Кувайт шайх Ҷобир ал-Муборак ас-Сабоҳ бо мақомоти Тоҷикистон дар сафари қарибулвуқӯяш ба шаҳри Душанбе хоҳад буд. Қарор аст, ки ин сафар моҳи оянда сурат бигирад ва дар он нахуствазирро раиси Кумитаи олимпӣ шайх Аҳмад ал-Фаҳад ас-Сабоҳ ва масъулини чанд вазоратхона ҳамроҳӣ кунанд. Гуфта мешавад, ки дар ин сафар мавзӯи роҳандозии чанд тарҳ бо сармояи Кувайт, аз ҷумла, дар бахшҳои энерҷӣ ва сохтмон баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон, Кувайт нахустин кишварест, ки бо Тоҷикистон созишнома дар бораи лағви раводиди соҳибони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматиро имзо кардааст. Зимнан, ин гуна созиш то ҳол ҳатто бо ягон кишвари шӯравии собиқ ҳосил нашудааст.

Ҳамзамон сафири Тоҷикистон бо таассуф меафзояд, ки соҳибкорон ва масъулини баъзе идораву вазоратхонаҳои Тоҷикистон дар роҳандозии ҳамкорӣ бо ин кишвари арабӣ коҳилӣ мекунанд. “Мо чанде пеш дар шаҳри Душанбе бо ширкати муовини нахуствазир ва вазири молияи Кувайт Мустафо Шамоълӣ нишасти комиссиюни муштараки ҳамкориҳои Кувайту Тоҷикистонро гузаронидем. Бисёр намояндагони идораву ташкилотҳои мо, ки дар ин нишаст ҳузур доштанд, бидуни омодагӣ ҳозир шуда буданд ва ҳатто намедонистанд, ки гап сари чӣ меравад”, мегӯяд дипломати тоҷик.

Аз нигоҳи сафири Тоҷикистон, ба вижа ҳамкориҳо бо Кувайт дар бахши сайёҳиву ҷаҳонгардӣ метавонанд судманд бошанд. “Бубинед, фақат дар як ҳафтаи Иди Қурбон 228 ҳазор кувайтиҳо барои сайёҳат ба дигар кишварҳо рафтанд. Аслан моҳҳои тобистон ва рӯзҳои ид то 50-60 дар сади кувайтиҳо ба хотири истироҳат кишварро тарк мекунанд. Мо ин ҷо бо чанд ширкати ҷаҳонгардӣ музокирот доштем ва аммо, мутаассифона, ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон аз ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд”.

Баъд аз “баҳори араб”, меафзояд дипломати тоҷик, бештари кувайтиҳо аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна ва шимоли Африқо худдорӣ мекунанд ва фақат ба Туркия, ва Аврупо, асосан ба Боснӣ ва Ҳерсеговина, мераванд. Таври маъмул, онҳо чаҳор-панҷ моҳ - аз моҳи май то сентябр ба сафар мебароянд ва ҳар сайёҳ аз 10 то 15 ҳазор доллар сарф мекунад. Сафири Тоҷикистон мегӯяд, ки дар сурати ифтитоҳи хатсайр миёни Душанбеву Ал-Кувайт ва каме талоши мақомоту ширкатҳои ҷаҳонгардии Тоҷикистон метавон аз ҳисоби сайёҳони кувайтӣ 30-40 дар сади буҷаи Тоҷикистонро пур кард. Ӯ меафзояд, дар ҳамагӣ чанд моҳе, ки сафорат фаъолият мекунанд, тақрибан 300-400 тан аз кувайтиҳо аз Тоҷикистон дидан карданд ва шефтаи меҳмоннавозии тоҷикону манзараҳои нодиру нотакрори табиати кӯҳистони Тоҷикистон шуданд.

Зубайдулло Зубайдов мегӯяд, ки имкони муҳоҷирати корӣ ба Кувайт ҳам фароҳам аст. Моҳҳои ахир ҳамагӣ 15 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Кувайт омадааст ва қарор аст боз тақрибан 20 каси дигар ҳам вориди ин кишвар аст. Ва ин дар ҳолест, ки Кувайт метавонад дар марҳалаи аввал ҳадди аққал 15-20 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷойи кор дар бахшҳои хизматрасонӣ таъмин кунад. Албатта, афроди соҳибихтисос ва донандаи забони арабӣ, ба гуфтаи сафири Тоҷикистон, метавонад дар ин кишвар соҳиби кори хуб ва маоши баланд шаванд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, то соли оянда мавзӯи бурсияҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Кувайт, ки миёни донишгоҳҳои кишварҳои Халиҷ маъруфанд, низ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Кувайт баъд аз Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб сеюмин кишвари сарватманди арабӣ ва аз содиркунандагони аслии нафт ба бозори ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ин кишвар дар шимолу шарқи нимҷазираи Араб ва дар ҷазираҳои Халиҷи Форс, аз ҷумла, Бубиён, Файлака, Варба, Куббор, Кору, Умм ал-Марадим ҷойгир шудааст. Бештари қаламрави Кувайт биёбон ва боқимонда – водӣ аст. Баландтарин нуқта – 290 метр аз сатҳи баҳр дар ғарби Кувайт мебошад.

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Кувайт моҳи июли соли равон бо ширкати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд.
XS
SM
MD
LG