Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Волгоград маргталаб 6 нафарро ба қатл расонд


Волгоград
Волгоград
Бино ба гузоришҳои расида аз Русия, дар шаҳри Волгогради ин кишвар як бамгузори маргталаб камарбанди мунфаҷираро дар автобуси мусофирбар таркондааст. 6 нафар кушта, 33 нафари дигар ба таври ҷиддӣ маҷруҳ шудаанд.

Матбуоти Русия аз қавли мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки бамгузори маргталаб зан будааст. Валерий Сафонов-мақоми амниятии Волгоград ин хабарро таъйид мекунад. Ба гуфтаи Сафонов, дар наздикии маҳали ҳодиса ҳуҷҷатҳоеро пайдо кардаанд, ки ба як хонум тааллуқ дорад ва ин хонум дар гузаштаи наздик ба ислом гаравидааст ва бо як тундрави номдори исломӣ арусӣ кардааст.

Владимир Маркин-раиси Кумитаи бозрасии Русия гуфт, ки дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар автобус ҳангоми ҳодиса 40 нафар нишаста будаанд.
XS
SM
MD
LG