Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил хостори фишорҳои бештари байналмиллалӣ ба Эрон барои барномаи зиддунақизи ҳастаиаш шуд. Нетаняҳу рӯзи якшанбе дар ҷаласаи кобинаи худ гуфт, “то замоне, ки ба ҷои гап амалро мушоҳида накунем, фишорҳои байналмиллалӣ бояд боқӣ бимонад”. Теҳрон пофишорӣ дорад, ки барномаҳои ҳастаиаш комилан сулҳомез аст.
Суханони Нетаняҳу дар ҳоле садо медиҳад, ки Амрико дар ҷавоб ба оғози ваъдаҳои президент Ҳасан Рӯҳонӣ имкони коҳиши таҳримҳои зидди Эронро баррасӣ кард. Ҷак Лию-вазири молияи Амрико рӯзи якшанбе аз тариқи телевизион гуфт, ки Вашингтон қадам ба қадам ба қавлу амали Эрон посух хоҳад дод.