Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии ҳамҷинсгароён дар Черногория поён ёфт


Нахустин раҳпаймоии ҳамҷинсгароён дар пойтахти Черногория, шаҳри Подгоритса бе ҷангу ҷанҷол хотима ёфт. Садҳо нафар аз ҳамҷинсгароён ва аққалиятҳои ҷинсӣ дар ин кишвар таҳти тадобири шадиди амниятӣ ва назорати маъмурони пулис аз кӯчаҳои Подгоритса гузар карданд. Даниел Калезич, баргузоркунандаи раҳпаймоӣ, ба ширкаткунандагони раҳпаймоӣ гуфт, то замоне, ки мисли ҳама озодии сазовор ба даст наёранд, муборизаро идома хоҳанд дод. Аммо дар ҷойи дигар, мухолифони раҳпаймоии ҳамҷинсгароён бо маъмурони пулис даргир шуданд. Ба гуфтаи аз 300 то 400 нафар ба самти пулис санг партоб карда ва шишаҳои хонаҳоро шикастаанд. Мақомоти Черногория барои таъмини амнияти раҳпаймоии ҳамҷинсгароён 2000 маъмури пулисро сафарбар карданд. Тадобири амниятиро баъди он тақвият додаанд, ки гурӯҳҳои алоҳида ва ҳам раҳбари калисои ортодокси Черногория ба баргузор кардани раҳпаймоии ҳамҷинсгароён мухолифат карданд.
XS
SM
MD
LG