Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар остонаи сафари Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ба Вашингтон ба ин кишвар бештар аз 1 миллиарду 600 миллион доллар кӯмаки молӣ кардааст. Амрико кӯмакҳояш ба Покистонро баъди бад шудани равобити ду кишвар дар соли 2011 мутаввақиф кард. Амалиёти махфии қатли Усома бен Лодан, раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида дар дохили Покистон дар моҳи майи он сол равобити ду кишварро бад кард. Навоз Шариф рӯзи якшанбе вориди Амрико шуд ва қарор аст, аввал бо Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷӣ ва сипас рӯзи чаҳоршанбе бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, мулоқот кунад. Масъалаи мусоидати Покистон барои поён додани ҷанг дар Афғонистон ва ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико алайҳи тундравон дар Покистон аз мавзӯъҳои баҳси тарафҳо хоҳад буд.