Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешвои мухолифони Белорус аз зиндон озод шуд


Павел Севияринетс, яке аз фаъолони мухолифи давлати Белорусро, баъди адои ҳукми сесолааш аз зиндон озод шуд. Пешвои Ҳизби Масеҳиёни Демократи Белорусро субҳи рӯзи шанбе раҳо карданд. Павел Севиярентс се сол пеш бо гуноҳи барангехтани бетартибиҳои оммавӣ ба се соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро баъди ширкат дар тазоҳуроти мухолифон баъди интихоботи моҳи декабри соли 2010 дастгир карданд. Ӯ як фарди боэътимоди номзади мухолифон ба мақоми раиси ҷумҳур буд. Дар интихоботи баҳсбарангези он сол, Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорусро пирӯз эълон карданд.
XS
SM
MD
LG