Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як амрикоиро бо иттиҳоми терроризм дастгир карданд


Мақомоти Амрико як шаҳрванди 25-солаи ин кишварро боздошт кардаанд, ки саъй доштааст, ба Яман рафта ба ҳалқаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Арабистон бипайвандад. Маркос Алонсо Зиро, рӯзи ҷумъа дар хонааш дар шаҳри Лонг Айленд дар аёлати Ню Йорк дастгир карданд, вале ӯ худро бегуноҳ медонад. Ӯро ба талош барои куштор дар кишвари хориҷӣ, саъйи кӯмак ба террористон ва монеагузорӣ барои муҳокима муттаҳам мекунанд. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки Маркос Зи баъди огаҳ шудан аз тафтиши қазияааш хостааст, иттилооти мавҷуд дар компютерашро нобуд кунад. Лоррета Линч, додситони амрикоӣ гуфт, “Бо вуҷуди зодаву бузург шудан дар Амрико, Маркос Зи, ба кишвараш хиёнат карда ва саъй доштааст, ба Яман рафта рафта ба созмони террористӣ бипайвандад ва одам бикушад.”
XS
SM
MD
LG