Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Дарсҳои маҷозии забони русӣ барои муҳоҷирон


Дар Русия як ширкати таъминкунандаи интернет барномаи махсусеро омода кардааст, ки муҳоҷирони корӣ метавонанд дар телефонҳои ҳушманди худ насб карда, дарсҳои омӯзиши забони русиро ба таври маҷозӣ аз худкунанд.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин барнома дарсҳои омӯзишии забони русӣ ҳам бо забони русӣ ва ҳам ба забони модарии муҳоҷирони корӣ омода шудааст. Аз дирӯз 18-уми октябр алакай намунаи русӣ-тоҷикии ин барнома роҳандозӣ шудааст. Гуфта мешавад ин барномаро ба телефони мобилии Android 1.6 ва моделҳои аз он болотари он насб кард.

Эгамзод ҳамчунин гуфт, ки муҳоҷирони кории мо аз субҳи содиқ то дери шаб дар коранд ва наметавонанд дар дарсҳои омӯзишии забони русӣ иштирок кунанд. Аз ин рӯ бо истифода аз ин барнома дар телефонҳои ҳамроҳ метавонанд дар ҳар ҳолат ва ҳарҷое, ки бошанд дарсҳои забони русиро аз худ кунанд. Барои иштирок дар дарсҳои виртуалии забони русӣ танҳо телефони ҳушманд ва пайвастан ба интернет кофӣ будааст.

Намунае аз ин барнома.
Намунае аз ин барнома.
Ба гуфти мутасаддиён онҳо ин барномаро дар оянда такмил намуда ҳамчунин бо забонҳои озарӣ, қирғизӣ ва бо дигар забонҳо омода мекунанд.

Ин курси омӯзишии забони русӣ аз 30 дарс иборат буда, ҳаряки он аз 6 бахш иборат аст. Дар бахши аввал имкон дода мешавад то садои матнро бо забони русӣ ва тоҷикӣ гӯш намоӣ. Дар бахши дувум алакай метавонӣ мустақилона матнро такроран хонӣ. Бахши севум барои аз худ кардани грамматика кумак мекунад ва луғатҳои матро барои азбар кардан «вазифа» медиҳад. Дар бахши чорум шунаванда метавонад тарзи хониши гӯяндаи матнро такроран истифода барад. Дар бахши панҷум мустақилона ҷумлаҳои русиро ба забони модарӣ баргардон карда мешавад ва дар бахши шашум он матн ба забони русӣ баромада матни баргардонро нишон медиҳад, ки то чӣ андоза дуруст баргардон шудааст.

Бояд гуфт, ки ахиран ҳукумати Русия донистани забони русиро барои муҳоҷирони корӣ ҳатмӣ донист ва муҳоҷирон бояд аз имтиҳони забони русӣ гузашта шаҳодатномаи онро соҳиб шаванд.
XS
SM
MD
LG