Бино ба гузориши бахши узбакии радиои Озодӣ, дар Қарақалпоқистон марде бо номи Сафарбой Каримов барои иҷро накардани ба истилоҳ нақшаи маҷбурии пахтачинӣ худро овехтааст. Рӯзи ҷумъа дар дарахте ҷасади овезони вайро пайдо кардаанд.
Бино ба гуфтаи як шоҳид, чанд рӯз пеш мақомти маҳаллӣ гуфтаанд, ки агар вай бори дигар нақшаи рӯзонаи чиниши пахтаро иҷро накунад, беҳтараш худро овезад ва ба ҷаласаи навбатӣ наояд.
Дар Узбакистон чиниши пахта барои аҳолӣ маҷбурист ва барои иҷрои нақшаи додашуда онҳо то нимашабӣ пахта мечинанд ва соати панҷи субҳ дубора ба пахтазор мешитобанд.
Се нафари дигар аз Қарақалпоқистон барои иҷро накардани нақшаи маҷбурии пахтачинӣ ҳамин ҳафта аз Узбакистон фирор кардаанд.