Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти беш аз 100 корманди пулис


ВКД мегӯяд, ки бар асоси шикояти шаҳрвандони Тоҷикистон дар ду соли охир, беш аз 100 корманди ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегуянд, ки дар пайи муроҷиати шаҳрвандон беш аз 100 корманди пулис ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ин миқдор фаъолияти ду соли охири вазоратро дар назар мегирад.

Абдураҳим Раҳимов, раҳбари дастгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ, рузи ҷумъа зимни нишасти гуруҳи кории баррасии Барномаи ислоҳоти пулис барои солҳои 2013 - 2020 дар шаҳри Душанбе гуфт, "то кунун тариқи телефони боварӣ ба вазири корҳои дохилӣ 1735 шаҳрванди кишвар муроҷиат карданд, ки ба ин васила 89 ҷиноят ошкор шудааст."

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳимов, дар пайи ин муроҷиатҳо, ки масоили камбудии кормандони милитсия низ гуфта шудааст, ки дар натиҷа 102 нафар маъмури пулис ба ҷавобагрӣ кашонда шудаанд.

Ҳамчунин ба таъкиди ин мақоми вазорати корҳои дохилӣ, тариқи торнамои вазорат низ муроҷиати шаҳрвандон сурат мегирад ва то имруз 338 нафар арзу шикояти худро матраҳ кардаанд, ки ба 305-тои он посух дода шудааст.

Аммо Абдураҳим Раҳимов, раҳбари дасгоҳи вазорати корҳои дохилӣ афзуд, ки дар соли ҷорӣ Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ 220 нафар аз шаҳрвандони кишварро қабул карда ва ба арзу шикояти онҳо аз ҷониби мақомот расидагӣ сурат гирифтааст.

ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG