Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ба 1 млрд доллар пахта хоҳад фурӯхт


Узбакистон барои фурӯши ҳосили пахтаи соли 2013-и худ як қарордоди 1 миллиард доллариро имзо кардааст. Матбуоти Узбакистон дар бораи фурӯши солонаи ҳосили пахта гузориш дода ва навиштааст, ки дар намоишгоҳи фурӯш, ки 16-17 октябр дар Тошканд баргузор шуд, Узбакистон 680 000 тон пахтаи худро фурӯхтааст. Бештар аз нисфи ин пахтаро ширкатҳои чинӣ харидорӣ кардаанд.

Ширкатҳои Русияву Кореяи Ҷанубӣ ва Банглодеш низ барои харидории миқдори зиёди пахта бо Узбакистон қарордод имзо карданд.

Бисёре аз ширкатҳои Ғарб харидории пахтаи Узбакистонро таҳрим кардаанд, зеро мақомоти ин кишвар барои ҷамъоварии он аҳолӣ ва ҳатто кӯдаконро сафарбар мекунанд.

Вале фурӯши имсолаи пахта нисбат ба соли гузашта бештар аст. Қарордоди соли гузаштаи Узбакистон 600 миллион долларро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG