Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи "Фидоиён": "Мо волии Лугарро куштем"


Як гурӯҳи исломгаро, ки худро Фидоиён ном мебарад, масъули қатли Арсало Ҷамол, волии вилояти Лугар, дар Афғонистонро бар дӯш гирифт. Ин гурӯҳ бо ирсоли як баёнияи катбӣ ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, бомбгузорӣ дар зери минбари масҷид кори дасти ҳамин гурӯҳ будааст. Арсало Ҷамол зимни суханронӣ ин масҷид дар рӯзи Иди Қурбон кушта шуд. Аммо Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон мегӯяд, ки маводи таркандаро дар дохили китоби Қуръон гузоштаанд. Дар ин ҳамла танҳо волии Лугар кушта ва 15 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG