Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи конфронси сулҳ дар Сурия эълон шуд


Қадрӣ Ҷамил, муовини нахуствазири Сурия, рӯзи панҷшанбе гуфт, даври баъдии конфронси сулҳ бо номи “Женева-2” рӯзҳои 23-24 ноябр сурат мегирад. Қадрӣ Ҷамил дар ин бора дар Маскав сухан гуфт, вале Созмони Милал ин хабарро таъйид накардааст. Ба гуфтаи Қадрӣ Ҷамил, шояд замони ҳамоиш барои ёфтани роҳи ҳалли сиёсии муноқиша дар Сурия, тағйир кунад, вале он набояд дертар аз моҳи декабр сурат бигирад. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, саъй доранд, то нишасти сулҳ то миёнаҳои моҳи ноябр баргузор шавад. Айни замон, Созмони Манъи Истифода аз Аслиҳаи Кимиёӣ гуфт, ки тафтиши нисфе аз анборҳои аслиҳаи кимиёии Сурияро анҷом додааст. Баъди қатли 1400 нафар бо гази зарин дар наздикии шаҳри Димишқ Амрикову Русия ба мувофиқа расиданд, ки захираҳои аслиҳаи кимиёии Сурия то нимаи соли 2014 нобуд карда шавад.
XS
SM
MD
LG