Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байналмиллал боздошти муҳоҷиронро дар Русия маҳкум кард


Созмони Афви Байналмиллал ё Amnesty International боздошти умумии муҳоҷиронро дар ноҳияи ноороми Бирюлёви Маскав маҳкум кард. Дар изҳороти ин созмон гуфта мешавад, ҳабси зиёда аз 1200 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз “навтарин намунаи бархӯрди зиёдаравона ва таъбизомези Русия аст”. Ин боздоштҳо дар ҷавоб ба қатли як марди рус, Егор Шербаков ҷараён гирифт, ки гуфта мешавад аз тарафимуҳоҷири озарбойҷонӣ кушта шудааст. Рӯзи сешанбе полис гуфт, гумонбаршудаи куштор Орҳан Зайналовро боздошт кардааст. Қатли Шербаков сабаби ошӯби зидди муҳоҷирон гашт, ки бар асари онҳо даҳҳо фурӯшгоҳ ва анбори сабзавот торумор шуда, чандин нафар, аз ҷумла кормандони полис захмӣ гаштанд.
XS
SM
MD
LG