Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон бори дигар дар бораи шафофияти интихобот таъкид кардааст


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ба баргузории интихоботи демократӣ ва озоду шафоф таъкид кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи душанбеи 14-уми октябр зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки "ҳамаи саъю талоши мо ба он равона гардидааст, ки интихоботи президентӣ бояд дар сатҳи баланди сиёсӣ ва бо риояи талаботи Конститутсия ва қонунҳои давлати демократӣ баргузор карда шавад."

Ба таъкиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон "чанд рӯз пештар пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба ин мансаби олӣ ба охир расид. Тибқи қонунгузорӣ ба ҳамаи номзадҳо ҷиҳати муаррифии барномаҳои пешазинтихоботӣ ва рақобати солим тамоми шароиту имкониятҳои баробар фароҳам оварда шудаанд, зеро ҳамаи номзадҳо фарзандони ҳамин сарзамин ва шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд."

Аммо дар ин равнад ба як нуктаи муҳим ишора карда гуфтааст, ки "асоси ин маърака, яъне интихоботро райъи озодонаи мардум ва майлу хоҳиши интихобкунандагон ташкил медиҳад ва дар ин раванд ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ бояд намунаи эҳтирому риояи қонунҳои давлати демократӣ ва маърифати баланди сиёсӣ бошанд."

Раиси ҷумҳур дар охири суханронии худ ба ҳамаи интихобкунандагон муроҷиат карда гуфтааст, ки "новобаста аз мавқеи сиёсиатон иштирокчии фаъоли ин маъракаи сиёсӣ бошед, роҳбари ояндаи худро аз рӯи майлу хоҳиш ва имкониятҳои амалӣ гардидани барномаи пешниҳодкардаашон интихоб намоед."

Ҳафтаи гузашта дар ҷараёни сафари худ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Бадахшон низ аз ҳама масъулону фаъолони ин минтақаи Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ - интихобот фаъолона ширкат кунанд.

Барои ширкат дар интихоботи президентии Тоҷикистон 6 номзад - Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, Олим Бобоев, Саидҷаъфар Исмонов, Абдуҳалим Ғафорров, раҳбарони аҳзоби ислоҳоти иқтисодӣ, демократ ва сотсиалист, Исмоил Талбаков ва Толиббек Бухориев, муовинони раҳбари ҳизби коммунист ва аграрӣ сабти ном шудаанд.

Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон бино ба саривақт ҷамъ накардани имзоҳои лозимӣ аз корзори интихобот канор рафт. Вале намояндагони ИНИТ мегӯянд барои аз роҳи қонунӣ сабти ном кардани номзади ягонаашон талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG