Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ Осиф Алӣ Зардориро барои шустушӯи пул муттаҳам медонад


Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳуре, ки мӯҳлати раёсаташ моҳи сентябр ба поён расид
Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳуре, ки мӯҳлати раёсаташ моҳи сентябр ба поён расид
Додгоҳи зидди фасоди Покистон бар зидди Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳур, ки акнун мӯҳлати раёсаташ ба поён расидааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва вайро бо 5 модда гунаҳгор медонад. Ин иттиҳомоти ворида ба вай ба солҳои 1990 иртибот мегирад, ба солҳое, ки Беназир Бҳутто-хонуми вай мақоми нахуствазирии Покистонро бар уҳда дошт. Вайро барои шустушӯи пул муттаҳам медонанд.

Моҳи сентябр мӯҳлати раёсати ҷумҳурии Зардорӣ ва баробар бо он масъунияти вай ба поён расид. Вай чанд солро дар зиндон сипарӣ карда буд, вале муҷрим дониста намешуд. Дар давраи раёсати Парвиз Мушарраф вайро соли 2004 раҳо карданд. Вале баъдтар фармони Мушаррафро Додгоҳи Олӣ лағв кард ва дубора бар зидди вай парванда боз шуд.
XS
SM
MD
LG