Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: "Конфронси Сурия зудтар баргузор шавад"


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, даъват кард, то конфронси байналмилалӣ дар мавриди шеваҳои расидан ба сулҳ дар Сурия ҳарчӣ зудтар баргузор шавад. Аммо гуфт ӯ, сулҳ дар Сурия бе ҳукумати муваққатие, ки режими раиси ҷумҳур Башор Асадро иваз кунад, муяссар нахоҳад шуд: "Ба эътиқоди Амрико Башор Асад дигар машрӯъияти лозимро надорад ва наметавонад, нерӯи сазоворе бошад, ки мардумро ба ҳам оварад. Бояд дар Сурия ҳукумати муваққатие бошад ва як ниҳоди идорие бошад, ки истиқрори сулҳ дар Сурияро имконпазир кунад." Ҷон Керрӣ дар ин бора рӯзи душанбе баъд аз мулоқоташ бо Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи хоси Созмони Милал ва Иттиҳодияи Араб барои Сурия сӯҳбат кард. Айни замон Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида бояд ба мухолифони Сурия фишор биёрад, то дар конфронси сулҳ ширкат кунанд. Қарор буд, моҳи май дар шаҳри Женева конфронси сулҳ дар Сурия баргузор шавад, аммо борҳо ба таъхир афтод ва акнун қарор аст, миёнаҳои моҳи ноябр сурат бигирад. Ҷорҷ Сабра, раиси Шӯрои Миллии Сурия, як узви умдаи Эътилофи Миллии Сурия рӯзи якшанбе гуфт, ки гурӯҳи ӯ дар конфронси сулҳ ширкат намекунад.
XS
SM
MD
LG