Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду таркиш маркази Димишқро такон дод


Дар натиҷаи таркиши ду мошини бомбгузоришуда дар маркази шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия, ба Кумитаи Телевизион ва Радиои ин кишвар осеб расидааст, вале касе кушта нашудааст. Хабаргузории давлатии САНА мегӯяд, таркиш кори дасти «террористон» буд. Пештар аз ин ҳодиса афроди мусаллаҳ, дар як ноҳияи шимолуғарбии Сурия шаш корманди Салиби Сурх ва як корманди ихтиёрии Созмони Салиби Сурхи Сурияро рабуданд. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх гуфт, ки ҳеҷ иртиботе бо афроди мусаллаҳ надорад, вале талаб дорад, ки кормандонашро фавран раҳо кунанд. Ба гуфтаи расонаҳои давлатии Русия, афроди мусаллаҳ рӯзи якшанбе аввал ба самти мошини кормандони Салиби Сурх тир андохта ва сипас онҳоро рабудаанд.
XS
SM
MD
LG