Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадобири амниятӣ дар Бирюловоро тақвият додаанд


Мақомоти Русия ба ноҳияи Бирюловои Маскав, нерӯҳои изофии пулисро сафарбар кардаанд, ки дирӯз шоҳиди ошӯбҳои густурдаи зиддимуҳоҷиратӣ шуд. Садҳо нафар дар ин ноҳия дар як маркази тиҷоратӣ бедодгарӣ карда ва бо маъмурони пулис даргир шуданд. Ошӯбгарон аз қатли ҷавони русе ба хашм омадаанд, ки гуфта мешавад, ӯро як қафқозӣ куштааст. Ба гуфтаи пулиси Маскав, дар ошӯбҳо чанд афсар захмӣ шудаанд ва дар маҷмӯъ 380 нафарро боздошт кардаанд. Бино ба гузоришҳо, шаби гузашта, задухӯрдҳои алоҳида миёни маъмурони пулис ва ошӯбгарон идома ёфтааст. Тазоҳурот дар аввал оромона сурат мегирифт, аммо баъдан гурӯҳе аз ҷавонон ба шикастани тирезаҳои як маркази тиҷоратӣ шурӯъ карданд ва ба як анбори меваву сабзавот ҳамла бурданд, ки онҷо умдатан муҳоҷирони корӣ аз Қафқоз ва Осиёи Марказӣ кор мекарданд. Иттиҳодияҳои тоҷикони шаҳри Маскав аз муҳоҷирони тоҷик хостаанд, дар ин рӯзҳои ноором, дар мазҳари ом зоҳир нашаванд.
XS
SM
MD
LG