Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, ин сухангӯи Пентагон гуфтааст, ки Латиф Маҳсуд дар Афғонистон боздошт шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки рӯзномаи "Вошингтон пост" рӯзи ҷумъа навиштааст, ки Латиф Маҳсуд чанд ҳафта пеш тавассути нерӯҳои амрикоӣ бо истифода аз зӯр аз як корвони нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вилояти Лугар рабуда шудааст. "Вошингтон пост" мегӯяд, ки Латифи Маҳсу дар ҳоли музокира бо давлати Афғонистон будааст.
"Вошингтон пост" ҳамчунон изофа кардааст, боздошти Латиф Маҳсуд хашми мақомҳои афғонро дар пай дошта ва онҳо мӯътақиданд, ки ҳокимияти Афғонистон дар ин замина нақз шудааст ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон аз иқдом норизоятӣ кардааст. Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, сухангӯи вазорати дифои Амрико аз изҳори назар дар хусуси гузориши "Вошингтон пост" худдорӣ кардааст.
Тибқи ин гузориш, Толибони Покистон муттаҳам аст, ки Файсал Шаҳзод, як шаҳрванди амрикоии покистонитаборро барои амалиёти нокоми бамгузорӣ дар майдони Time-и Ню-Йорк дар соли 2010, омӯзиш додааст. Дар нахустин вокунишҳо пас аз кашф ва хунсосозии мошини бамгузоришуда аз сӯи Файсал Шаҳзод, Толибони Покистон бо интишори як паёми видеоӣ, масъулияти ин бамгузориро бар ӯҳда гирифта буд. Толибони Покистон амалиётҳои зиёдеро дар Покистон, аз ҷумла ҳамла ба дипломатҳои амрикоӣ анҷом додааст. Ин гурӯҳ ҳамчунин ба куштори шаҳрвандони ин кишвар муттаҳам аст.
Дар ҳоле хабари боздошти ин фармондеҳи аршади Толибони мунташир шудааст, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи ҷумъа ғайримунтазира ба Кобул сафар карда ва бо Ҳомид Карзай дар хусуси тавофуқномаи амниятӣ миёни Афғонистон ва Амрико гуфтугӯ кардааст. Ба гузориши Ройтерз, Ҷон Керрӣ ва Ҳомид Карзай дар мавриди ихтилофот бар сари мувофиқатномаи амниятӣ байни Кобул ва Вошингтон музокира кардаанд ва қарор аст, имрӯз, 12-уми октябр бори дигар дар ин хусус музокира кунанд.
Мувофиқатномаи амниятӣ байни Амрико ва Кобул бахше аз паймони стратегӣ байни ду кишвар аст, ки дар соли 2012 имзо шуд. Бо ин ҳол, қарор аст як сол баъд ду кишвар дар хусуси ҷузъиёти ин мувофиқатнома созиш кунанд. Мақомоти Афғонистон хостори риоя шудани масъалаи ҳаққи ҳокимияти кишварашон дар чаҳорчӯби ин паймон ҳастанд.