Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ амалкарди Ироқро "ғайриинсонӣ" тавсиф кард


Дафтари масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал мегӯяд, иҷрои ҳукми қатли 42 нафар дар Ироқ дар ду рӯзи гузашта як амали “ғайриинсонӣ” ва ғайриқонунӣ мебошад. Рупер Колвилл, сухангӯи дафтари Нави Пиллай, масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи ҷумъа гуфт, қатли дастаҷамъӣ бад ин шакл, “на танҳо зишту ғайринсонӣ, балки ғолибан мухолиф ба қонунҳои байналмилалӣ аст.” Вазорати адлияи Ироқ рӯзи панҷшанбе гуфт, ки 42 нафар аз ҷумла як занро бо гуноҳи терроризм қатл кардаанд. Дар Ироқ тайи соли равон 132 нафарро бо гуноҳҳои мухталиф қатл кардаанд.
XS
SM
MD
LG