Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рағбати ками мардум ба фановариҳо


Маркази таҳқиқотии «Зеркало» истифодаи фановариҳои муосир дар ҳаёти имрӯз ва фардои мардуми Тоҷикистонро мавриди пажӯҳиш қарор додааст.

Қаҳрамон Бақозода, раиси Маркази таҳқиқоти сотсиологии «Зеркало» ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкати мазкур тайи 10 рӯзи ахир дар масъалаи "Фановариҳои муосир дар ҳаёти имрӯз ва фардои аҳолии Тоҷикистон" аз тариқи телефон як пурсиши анҷом дода ва натиҷаи онро дар ду бахш ба нашр расонидааст.Таҳқиқоти мазкур 1450 нафар аз манотиқи мухталифи кишварро дар бар гирифтааст ва аз 24 сентябр то 5 октябо анҷом дода шудааст.

Ба гуфтаи оқои Бақозода, «барои мо ҷолиб ин буд, ки аҳолии Тоҷикистон дар бораи технологияи навтарин ба мисли ДВД, антенаи моҳвораӣ, телевизиони плазмавӣ, дастгоҳи зарфшӯӣ, блурей ва оид ба планшет, смартфон ва ноутбук медонанд ё ин дар зиндагии ҳамарӯзаашон истифода хоҳанд кард ё не».

Тавре маркази таҳиқотии Зеркало натиҷаи аввалияи пурсиши худро дар сутуни махсус раддабандӣ кардааст, 96 дарсади пурсидашудаҳо дар бораи ДВД плейр хабар доранд ва зиндагии рӯзонаи худ истифода мекунанд. 88 дарсади пурсидашуда аз антеннаи моҳвораи истифода мекунанд ва дар бораи он хуб огоҳ ҳастанд. Аммо бахши ками пурсидашудаҳо дар бораи «Блу-рей плейр» иттилоъ доранд ва ҳамагӣ бештар 7 дарсад дар назар доранд, ки дар оянда онро харидорӣ кунанд.

Дар робита ба суоли баъдии ин пурсиш оид ба истифода ва огоҳӣ аз дастгоҳҳои мобилӣ ба мисли ноутбук, планшет, смартфона, пурсидашудаҳо посухҳои мухталиф додаанд. Мардум бештар аз ҳама дар бораи ноутбук хабар доштаанд ва онро дар зиндагии рӯзмарраи худ истифода мекунанд ва мехоҳанд, ки дар оянда онро харидорӣ намоянд.

Масалан, 20 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ноутбукро бештар истифода мебаранд ва дар бораи он хабар доранд, аммо дар мавриди планшет 11 дарсади пурсидашуда огоҳӣ доранд ва онро мавриди истифода қарор додаанд.

Дар хусуси харидории компютер-планшет ва компуютер-ноутбук ҳамагӣ 5 ва 6 дар сади пурсидашудаҳо алоқа нишон додаанд. Дар мавриди доштани смартфон дар муддати як соли равон ҳамагӣ 3 дар сади пурсидашудаҳо посухи мусбат додаанд.

Қаҳрамон Бақозода мегӯяд, ки пурсиши мазкур нишон додааст, ки таъмини хонаводаҳо ва огоҳии онҳо оид ба истифода фановариҳои навтарини телефонҳои мобилӣ дар сатҳи поин қарор дорад. Ва ҳамчунин омодагии мардум барои харидорӣ ва таъмини хонаводаҳои худ бо шароити муосири дар бахши фановариҳои муосири мобил дар сатҳи баланд қарор надорад.

Омилҳои рағбати ками мардум ба фановариҳои навтаринро Маркази таҳқиқотии "Зеркало" ба фарҳанг ва хусусияти шахсии одамон ва ҳамчунин ба имконоти молии мардум рабт медиҳад. Маркази таҳқиотии «Зеркало» бахши дуввуми пурсиши худро оид ба иртиботи мардум бо интернет дар рӯзҳои наздик ба нашр хоҳанд расонд.
XS
SM
MD
LG