Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли "харобаҳои Хоруғ"


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ба баргузории интихоботи президентӣ дар чорчуби Қонуни Асосӣ ва қавонини кишвар таъкид кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 10-уми октябр дар мулоқот бо раҳбарону фаъолони вилояти Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бо ишора ба интихоботи қарибулвуқуъи президентӣ таъкид кард, ки "барои иштирок дар ин маъракаи муҳими демократӣ чандин нафар шаҳрвандони кишвар ҳамчун номзад ба мансаби олии президент пешбарӣ шудаанд."

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ аз қавли президент Раҳмон менависад, "ман аз тамоми роҳбарону масъулон, хизматчиёни давлатӣ, фаъолони аҳли ҷомеа ва мардуми шарифи вилояти Бадахшон даъват менамоям, ки дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат карда, барои таъмини баргузории шаффофу озодонаи он ҳамаҷониба мусоидат намоянд."

Ҷаноби Раҳмон афзуд, "итминон дорам, ки интихоботи навбатӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар баргузор шуда, намунаи беҳтарини риояи одобу маданияти сиёсиву шаҳрвандӣ, амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мегардад ва мардум роҳбари арзандаи худро бо майлу иродаи хеш озодона интихоб мекунанд."

Ба таъкиди ҷаноби Раҳмон, "шубҳае нест, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ боиси боз ҳам муттаҳиду сарҷамъ гардидани миллат, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва тақвияти бештари нуфузу обрӯи халқи тоҷик мегардад."

Ин дар ҳолест, ки намояндаи созмони ҷавонон дар Ишкошим зимни мулоқоти раиси ҷумҳур бо сокинон хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки шумо ба интихобот ниёз надоред! Аммо ҷаноби Раҳмон дар посух ба ин ҷавон гуфтааст, ки "мо бояд муқарароти Қонуни Асосӣ ва мавозини байналмиллалиро риоя кунем."

Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали сохтмони бинои 9 ошёна дар шаҳри Хоруғро гузошт

Манбаъи Радиои Озодӣ мегӯяд, субҳи имрӯз бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали сохтмони бинои 9 ошёнаи истиқоматӣ бо ҳузури сохтмончиёну сокинони шаҳри Хоруғ гузошта шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ ин бинои 9 ошёна дар маҳалли "охирин нишонаҳои харобаҳои шаҳри Хоруғ" бунёд мешавад.

Қабл аз ин раиси ҷумҳур Маркази мубориза бо бемориҳои силро ифтитоҳ карда ва дар ҷамъомади ба истифодадиҳии хобгоҳ барои афсарон ширкат кард.

Ҳамакнун қарор аст то чанд лаҳзаи дигар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ дар Боғи фарҳангу фароғати маркази вилояти Бадахшон сурат бигирад.

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Хоруғ дар ҳоле ҷараён дорад, ки Кумииссиюни Марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи гузашта номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар интихоботи президентӣ расман сабти ном кард.

Пас аз амалиёти нерӯҳои давлатӣ ба шаҳри Хоруғ дар тобистони соли гузашта, ин дуввумин сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба маркази вилояти Бадахшон аст.

Рӯзи 24 июли соли 2012, нирӯҳои давлатии Тоҷикистон бо талаби ба мақомот супурдани гумонбарони қатли раиси идораи амнияти вилояти Бадахшон генерал Абдулло Назаров амалиёти вижа алайҳи гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ дар шаҳри Хоруғро шурӯъ карданд. Ин амалиёт, ки даҳҳо кушта ба ҷо гузошт, танҳо чанд рӯз баъд бо эъломи оташбас миёни тарафҳои даргир бо миёнҷигии як гурӯҳи созмонҳои ғайридавлатӣ бо номи Гурӯҳи 20 ба поён расид.

Додситонии кул расман эълон дошт, ки дар ин амалиёт 22 мулкӣ ва 23 низомӣ кушта шудаанд. Мақомот мегӯянд, аз миёни мулкиён танҳо ду нафар ба гурӯҳҳои мусаллаҳ тааллуқ надоранд, аммо дар гузориши созмонҳои ҳуқуқи башар, наздикони онҳо гуфтаанд, ки пайванди онҳо ба ин гурӯҳҳо робитае надоштанд.
XS
SM
MD
LG