Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони Қиғизистон масъалаи кони Кумторро баррасӣ мекунад


Порламони Қирғизистон қарордоди нави кони бузурги тиллои Кумторро бо ширкати Centerra Gold-и Канада ба баррасӣ гирифтааст. Ин баррасиҳо дар ҳоле шуруъ шудааст, ки рӯзи чаҳоршанбе дар вилояти Иссиқ Кӯл тазоҳуроти эътирозӣ барпо шуд ва ширкаткунандагони он талаб карданд, ки ин кон миллӣ карда шавад.

Рӯзи сешанбе садҳо нафар эътрозгарон роҳи аслии вилоятро бастанд ва талаб карданд, ки 20 нафар боздоштшударо раҳо кунанд. Онҳо рӯзи душанбе дар маркази вилоят дар шаҳри Қарокӯл боздошт шуда буданд.

Рӯзи чаҳоршанбе Алмос Атамбоев-раиси ҷумҳури кишвар ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки кони Кумторро наметавонанд миллӣ кунанд, зеро он дар марҳилаи кунунӣ бар зарари иқтисод хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG