Кумитаи дини Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мавсими ҳаҷи имсола дар Маккаи мукаррама ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷон ба ҳақ супоридаанд. Дафтари матбуоти Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сокини шаҳри Душанбе Талбак Одинаеви 73 сола дар таърихи 6-уми октябр бар асари як садамаи автомобилӣ дар шаҳри Макка ҷон бохтааст. Ҳамин манбаъ меафзояд, ки шаҳрванди дигари Тоҷикистон, сокини ноҳияи Мастчо Абдувалӣ Қулматов 7-уми октябр нобаҳангом ҷон додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади ҳар ду шаҳрванди Тоҷикистон дар тарърихи 8-уми октябр дар Хонаи Худо ҷаноза шуда, дар қабристони «Шароеъ» ба хок супурда шуданд.