Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулрашид Дустум "аз кардааш сад пушаймон" аст


Абдурашид Дустум, ҷангсолори ӯзбактабори афғон, барои нақшаш дар ҷанги шаҳрвандии Афғонистон аз мардум узр хост.

Генерал Абдулрашид Дустум, ки дар ҷиноёти низомӣ ва нақзи ҳуқуқи башар айбдор мешавад, рӯзи 7 октябр дар як изҳороти бесобиқа барои расонаҳои хабарӣ эълом дошт, аз кардааш сахт пушаймон аст. Ӯ гуфт, ки замони ҷанги шаҳрвандии Афғонистон иштибоҳҳои зиёде содир шуданд. “Вақти он расидааст, ки мо аз мардуми афғон - қурбонии сиёсати иштибоҳии мо, маъзарат бихоҳем. Ман дар ин роҳ гоми аввалро мегузорам ва аз одамоне, ки аз хушунат ва ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар осеб дидаанд, узр мехоҳам”, афзуд ҷангсолори собиқ.

Солҳои 1992 баъд аз шикасти артиши шӯравӣ дар Афғонистон ва суқути режими коммунистии Кобул гурӯҳҳои мухталифи қавмиву мазҳабӣ тайи чаҳор сол бо ҳам даргир шуданд ва набарди миёни онҳо боиси ҳалокати садҳо ҳазор сокинони осоишта ва тика-тика шудани сохторҳои Афғонистон гардид.

Генерал Дустум изҳор намуд, ки тайи ду даҳсолаи ахир ягон талоши оштӣ дар миён набуд. Ӯ аз дигар фармондеҳони собиқ ҳам хост, ки барои ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ворид кардани Афғонистон аз мардум маъзаратхоҳӣ кунанд. “Мо мехоҳем давраеро поягузорӣ кунем, ки дигарон ҳам тавонанд иштибоҳҳои худро эътироф кунанд ва ба ин васила аз такрори низоъҳои нав дар оянда ҷилавгирӣ шавад”.

Рафиуллоҳ Бедор, намояндаи Комиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, мегӯяд, изҳороти Дустум “малҳаме болои захмҳои бозмондагон ва пайвандони қурбониёни ҷанг аст ва аз ин лиҳоз муҳим ҳам ҳаст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ ин эътирофоту узрхоҳӣ наметавонад ҷойгузини адолати додгоҳӣ шавад".

Ҳомиёни ҳуқуқи башар Абдулрашид Дустумро, ки чанде пеш мақоми раҳбари ситоди фармондеҳи Артиши миллии Афғонистонро тарк намуд, дар ҷиноёти низомӣ замони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои ҷанг бо Толибон аз тарафи Ҷабҳаи Шимол айбдор мекунанд. Гуфта мешавад, ки генерали ӯзбактабор ва афроди ӯ дар қатли сокинони осоиштаву афроди боздоштшуда ва тахриби шаҳру рустоҳо даст доранд. Дустум ҳамчунин дар он муттаҳам мешавад, ки моҳи декабри соли 2001, баъди шикасти Толибон дар Қундуз, тақрибан ду ҳазор мусаллаҳи толибро дар дохили контеӣнерҳои оҳанин нигаҳ дошт ва онҳо нафасгир шуда ба ҳалокат расиданд. Вале генерал Дустум ин иттиҳомро рад мекунад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҷангсолороне чун генерал Дустум ҳанӯз ҳам дар ҳаёти сиёсӣ мақому мартаба ва дар тасмимгириҳои ҳукумати Афғонистон нақшу бориз доранд. Соли 2007 парлумони Афғонистон бо қабули қонуни вижа ҳамаи онҳоеро, ки дар ҷиноёти низомӣ ва нақзи ҳуқуқи башар даст доштанд, афв кард ва онҳоро аз дахлнопазирӣ бархурдор намуд.

Изҳороти Абдулрашид Дустум як рӯз баъд аз он нашр шуд, ки ӯ аз мақомаш истеъфо дод, то ба ҳайси нойиби раисиҷумҳур ҳамроҳ бо номзад ба мақоми раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ дар интихоботи президентии соли 2014 ширкат намояд.

Аҳмад Шуҷоъ, пажуҳишгари созмони Ҳуман Райтс Вотч, бо такя ба ин далел ҳадс мезанад, ки ҳадаф аз узрхоҳии генерал Дустум дарёфти раъйҳои бештари мардум дар интихоботи президентист. Аммо, меафзояд ӯ, ин узрхоҳӣ ба ҳукумати Кобул имкон медиҳад, ки бо такя ба узрхоҳии ҷангсолорон барномаи воқеъан миллии давраи гузаришро роҳандозӣ кунад ва ба он пайвандони қурбониёни ҷиноёти низомӣ ҳам ҳамроҳ шаванд.
XS
SM
MD
LG