Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав як сарбози маъюбро гунаҳкор донист


Додгоҳе дар шаҳри Маскав, як сарбози собиқи маъюбро бо гуноҳи ҳамла ба афсари пулис ва ширкат дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар майдони Болотная гунаҳкор донист ба муолиҷа дар шифохонаи равонӣ маҳкум кард. Михаил Косенко, ҳангоми хидмат дар сафи артиши Русия аз сараш ҷароҳат бардошта ва санади маъюбӣ дорад. Додгоҳ гуфтааст, ки ба далели маъюбиаш ӯро ба зиндон андохта наметавонанд. Созмони Авфи Байналмилал ҳафтаи гузашта Михаил Косенко ва ду тазоҳургари дигарро “маҳбусони виҷдон” хонд. Дар робита ба тазоҳурот дар майдони Болотная, ки моҳи майи соли 2012 сурат гирифт ва ба хушунат печид даҳҳо нафарро дар додгоҳҳои Маскав муҳокима мекунанд.
XS
SM
MD
LG