Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи Амрикову Афғонистон ниҳоӣ мешавад?


Амрико мегӯяд, умедвор аст, созишнома дар бораи ҳузури нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон ба зудӣ ниҳоӣ шавад. Қарор аст, бисёре аз нерӯҳои ҷангии Амрико то охири соли 2014 аз Афғонистон хориҷ шаванд ва бар асоси ин созишнома бояд теъдоде аз нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида баъд аз соли 2014 дар Афғонистон бимонанд. Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи душанбе гуфт, дар музокирот дар бораи созишнома ҳарду тараф ба пешрафт ноил шудаанд. Чанд соат пештар аз ин Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, нерӯҳои НАТО ва Амрико ба истиқлоли кишвараш беэътиноӣ мекунанд. Ӯ дар робита ба ҳамлаи ҳавоии НАТО дар вилояти Нангарҳор сӯҳбат мекард, ки дар натиҷаи он ба гуфтаи мақомоти Афғонистон 5 ғайринизомӣ кушта шуданд. Аммо НАТО гуфтааст, ки дар ин ҳамла дар рӯзи 5 октябр, ситезаҷӯёне кушта шуданд, ки мехостанд, ба як пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои байналмилалӣ ҳамла кунанд. Айни замон НАТО гуфт, ки ин қазияро таҳқиқ мекунад. Ҳомиди Карзай, рӯзи ҷумъа ҷаласаи Лоя Ҷиргаи Афғонистонро даъват кард, то созишномаи миёни ин кишвар ва Амрикоро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG